ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ВАҲДАТУ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Ҳар миллату давлат дорои парчами хос аст, ки дар он таърих, фарҳанг, анъана ва орзуву ормони он миллат таҷассум меёбад. Барои мардуми Тоҷикистон низ Парчами давлатӣ аз муқаддастарин нишонаҳои ҳувияти миллӣ ва пояи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору шукӯҳ таҷлил мегардад. Ин сана ба таърихи навини тоҷикон саҳифаи тозаву пурифтихор ворид намуд, зеро парчам рамзи эҳёи давлатдории тоҷикон ва нишонаи ваҳдату иттиҳоди миллист.
Рангҳои парчами давлатии мо дорои маъноҳои амиқ ва пурмазмунанд. Ранги сурх рамзи шуҷоат, матонат ва мубориза барои озодӣ мебошад; ранги сафед — рамзи покӣ, сулҳ, адолат ва ниятҳои нек, ки ҳамзамон бо барфҳои куҳсори Ватан ва меҳнати поки деҳқонон алоқаманд аст; ранги сабз бошад, рамзи табиати зебо, навсозӣ, зиндагии ором ва пешрафт аст. Тоҷи заррин ва ҳафт ситорае, ки дар маркази парчам ҷой доранд, рамзи соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва бахту саодати халқи тоҷик мебошанд.
Парчам на танҳо нишонаи давлатдорӣ, балки рамзи ваҳдату ифтихори миллӣ аст. Он дар дили ҳар фарди ватандӯст эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносӣ ва масъулиятро бедор мекунад. Зери ин парчам фарзандони Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё бо ифтихор роҳ мепаймоянд ва ба ҷаҳониён чеҳраи воқеии миллати сулҳпарвару фарҳангдӯсти тоҷикро нишон медиҳанд.
Дар замони муосир Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ ва суботи миллӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Маҳз таҳти ин парчам халқи тоҷик ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, пояҳои давлатдории худро устувор месозад.
Имрӯз парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи парчамҳои давлатҳои дигар дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ифтихорона парафшон аст. Ин далолат бар он мекунад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳдӯст ва пешрафта мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор кардааст.
Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзи ифтихор ва шукргузорӣ аз соҳибдавлатист. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ эҳтиром гузорем, дар зери сояи ин парчам барои пешрафти давлат, таҳкими ваҳдат ва бунёди ҷомеаи обод талош варзем.
Парчами давлатӣ — ин рамзи ваҳдат, ифтихор, сулҳ ва пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Бигзор ин парчам ҳамеша парафшон бошад ва дар дили ҳар як тоҷик эҳсоси меҳр ба Ватан, ваҳдат ва ифтихорро афзун гардонад!
Шӯҳрат Усмонов,
устоди ДПДТТ
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд