Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
Таҷрибаомӯзӣ қисми муҳими раванди
таълимӣ дар Институти политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Он ба мустаҳкам намудани донишҳои
назариявӣ, ба даст овардани малакаҳои касбӣ ва омода сохтани донишҷӯён ба
фаъолияти меҳнатии оянда равона шудааст.
Донишҷӯёни институт намудҳои
гуногуни таҷрибаомӯзӣ — таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар корхонаҳо,
ташкилотҳо ва марказҳои илмӣ, ки ба профили таҳсилашон мувофиқанд,
мегузаронанд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ онҳо бо технологияҳои муосир шинос
мешаванд, дар равандҳои воқеии истеҳсолӣ иштирок мекунанд, вазифаҳои таҳқиқотӣ
иҷро менамоянд ва таҷрибаи кори дастаҷамъиро ба даст меоранд.
Институт бо корхонаҳои пешбари
минтақа фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки ба донишҷӯён имконият медиҳад
таҷрибаомӯзиро дар шароите гузаронанд, ки ба фаъолияти касбии ояндаашон ҳарчи
бештар наздик аст. Ин равиш ба рушди қобилиятҳои амалӣ, таҳкими робитаҳо бо корфармоён
ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат мусоидат
мекунад.
Бо мақсади таъмин намудани ҳама донишҷӯён бо ҷойҳои таҷрибаомӯзӣ, то
имрӯз шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо 114 корхонаҳои давлатӣ ва хусусии
истеҳсолӣ, инчунин бо ташкилотҳо ва муассисаҳои гуногун ба имзо расидаанд. Дар
соли 2025 шартномаҳои ҳамкорӣ бо 63 ташкилот ва корхона ба муҳлати зиёда аз се
сол ба имзо расиданд.