ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ МУТТАҲИДСОЗИИ ҶОМЕА ВА ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРӢ
Ҷавонон ояндасозони ҳар миллатанд. Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ танҳо дар он сурат устувор мемонад, ки насли ҷавон ба арзишҳои миллӣ — аз ҷумла ба Парчами давлатӣ — арҷ гузорад, моҳият ва таърихи онро дарк намояд ва онро ҳамчун нишонаи шараф, ҳувият ва худшиносии миллӣ эҳтиром кунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ҳам василаи тарбияи ҷавонон, ҳам рамзи эҳтиром ба соҳибистиқлолии миллӣ ва ҳам тасдиқи он аст, ки парчам на танҳо як матои ранга, балки рамзи давлату миллат, нишонаи ормони миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ мебошад.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ барои ҳар як миллат ҷойгоҳе хос дорад. Он таҷассуми истиқлол, ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти давлатӣ буда, дар ҳама давру замонҳо барои бедории маънавӣ ва худшиносии мардум хизмат кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана пайки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан аст.
Парчами давлатии Тоҷикистон, ки соли 1992 қабул шудааст, нишонаи расмии истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон буда, бо рангу рамзҳои хос миллатро ба сӯи ояндаи босаодат роҳнамоӣ мекунад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, зарурати таҷдиди рамзҳои давлатӣ ба миён омад. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Парчами нав қабул гардид. Он рамзи оғози давлати миллӣ ва истиқлолияти воқеии тоҷикон гардид.
Парчами давлатӣ аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахти сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Маънии ин рамзҳо аз фарҳанги ниёгон, таърихи давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии миллии тоҷикон сарчашма мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат нақши фаъоле дар арҷгузории парчам гирифтаанд. Дар суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии худ парчамро «рамзи ҳувияти миллӣ», «нишонаи истиқлол», «мояи ифтихор» ва «оми¬ли муттаҳидкунандаи мардум» таъриф мекунанд. Масалан, дар яке аз паёми табрикотӣ ба Рӯзи Парчами давлатӣ қайд кардаанд: «Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум … мебошад». Ҳамчунин, бо иқдоми роҳбарият дар пойтахт ва дигар минтақаҳо майдонҳо ва манотиқи ҷолиб барои парафшонии Парчами давлатӣ бунёд шуданд.
Парчам танҳо рамзи давлатӣ нест. Он ору фаросати миллӣ, ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ, рамзи ҳувияти миллӣ мебошад. Ба наслҳои нав бояд омӯзонд, ки парчам нишонаи шараф аст ва эҳтироми он — эҳтироми давлат, миллат ва худшиносӣ мебошад.
Дар замоне, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ арзишҳои миллиро таҳдид мекунанд, парчам ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда амал мекунад. Он ҷавононро ба худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ водор менамояд. Дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрӯз, ки таҳдидҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иттилоотӣ зиёданд, парчам ҳамчун рамзи устувории давлат ва таъмини суботи миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, ифодагари ваҳдат, сулҳ, истиқлол, худшиносӣ ва тамаддуни бостонии ниёгон аст. Таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба парчам, эҳтиром ба давлат ва арҷгузорӣ ба Ватан вазифаи муқаддаси ҷомеа мебошад.
Арҷгузории ҷавонон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як эҳсоси зоҳирӣ, балки нишонаи ворастагӣ, худшиносии миллӣ ва шаҳрвандии намунавӣ аст. Парчам рамзи муқаддасест, ки давлату миллати тоҷикро ифода мекунад. Эҳтироми он аз ҳар як ҷавони тоҷик масъулият, садоқат ва ифтихорро талаб менамояд.
Дар рӯҳияи эҳтиром ба парчам тарбия намудани наслҳои ҷавон — вазифаи оила, мактаб, ҷомеа ва давлат мебошад. Агар ҷавонон ба парчам арҷ гузоранд, ба арзишҳои миллӣ содиқ бошанд, Ватанро дӯст доранд, пас ояндаи Тоҷикистон равшан, устувор ва обод хоҳад буд.
Ҷашни Рӯзи Парчам на танҳо як тадбири давлатӣ, балки дарси ватандӯстӣ барои ҳар шаҳрвандони кишвар мебошад. Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо ёдбуди як рӯйдоди таърихӣ, балки сабақи эҳтироми рамзҳои миллӣ ва нишондиҳандаи мақому манзалати давлатдории тоҷикон аст. Ҳар шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба Парчам арҷ гузорад, зеро он рамзи шарафу номуси миллӣ ва воқеияти истиқлолияти давлат аст.
Дилрабо Комилова,
устоди ДПДТТ ба номи акдемик М.С.Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд