• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ФАЛСАФАИ ПАЁМ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТРО БОЗГӮ МЕКУНАД
 ФАЛСАФАИ ПАЁМ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТРО БОЗГӮ МЕКУНАД
ФАЛСАФАИ ПАЁМ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТРО БОЗГӮ МЕКУНАД

Ироаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба санаи 16-уми декабри соли 2025 рост омад, барои зиндагии мардум саҳифаи нави пешравиву комёбиҳоро боз намуд. Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат тамоми кӯшишҳоро баҳри таъмин намудани зиндагии босаодати мардум равона сохтанд.
Таърихи санаи 3-уми марти соли 2025 барои мардуми тоҷик хотирмон буд. Зеро дар ин сана интихоботи Вакилони Халқ – 2025 дар фазои демократӣ, шаффоф ва бо руҳияи болидаи мардум ҷараён гирифт. Ин рӯйдод боварии мардумро ба давлат ва ояндаи босаодати худ боз ҳам қавӣ намуд. Дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона халқ аз ҳуқуқу манфиатҳои худ бархурдор ҳастанд ва сокинони кишвар бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар интихоботи вакилони халқ фаъолона бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ дар он ширкат варзиданд. Ҷараёни интихоботи вакилони халқ собит сохт, ки мардум ба ояндаи худ бетараф нест ва райъи худро ба ҳизби боваринок доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамзамон зимни ироаи Паём, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ, ки дар давоми сад соли охир зиндагии мардуми ду кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро ташвиш медод суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки бо талошҳо ниҳоят ҷонибҳо соли 2025 бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ҳалли пурраи масъаларо пайдо карданд. Дар вақеъ ин дастоварди беназири даврони Истиқлол бори дигар собит сохт, ки фарзанди фарзонаи халқи тоҷик бо иродаву азми некбинонаи худ қодир аст, ки роҳи ҳалли тамоми мушкилотро пайдо кунад. Саодати зиндагии мардум аз дустӣ аст ва ин фалсафаро Пешвои муаззами миллати тоҷик дар амал собит намуданд. Таърих дар тӯли ҳазорсолаҳо ин азми қавии роҳбари давлатро фаромӯш нахоҳад кард. Ҳамзамон ба имзо расидани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо, яке аз дастовардҳои наҷиби соли 2025 мебошад. Аз қадиммулайём мардуми сарбаланди тоҷик меҳмондӯст, сулҳҷӯ ва сулҳофар буданд, ки онро дар асарҳои шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик ба монанди асари безаволи “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дидан мумкин аст. Дӯстии абадӣ на танҳо барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам меоварад, балки, тавассути он мардуми ҳар се кишвар, ки аксарият муносибати хешутаборӣ низ доранд содати зиндагии худро муҳайё месозанд. Дар таърихи башарият ин гуна рӯйдодҳо кам ба назар мерасанд. Вақт собит сохт, ки Пешвои миллат ба хотири осоиштагии мардум, хушбахтии онҳо ва фароҳам овардани зиндагии босаодати халқ тавонистанд ҳамсоягонро ба худ дуст кунанд ва тамоми кӯшишҳои худро равона намоянд.
Инчунин, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои ҳоҷигии халқ аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва ба дигар соҳаҳо фаро гирифта шуда, натиҷаҳо таҳлилу баён карда шуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар баробари пешравиҳои назаррас инчунин камбудиҳо ҷой доранд, ки Пешвои миллат ҷиҳати ҳалли он масъулинро вазифагузорӣ намуданд. Пеш аз ҳама роҷеъ ба ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ниёгон ва даст кашидан аз бегонапарастӣ яке аз нуктаҳои асосии Паём маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, ҳар фарди ба нангу номус, ки худро мансуб ба дини мубини ислом медонад бояд бо виҷдони пок баҳри ҳифзи Ватани азизамон камари ҳиммат бандад. Зеро танҳо мо мардуми тоҷик метавонем, ки худро ҳифз кунем ва ба наслҳои ояндаи худ як кишвари ободу зеборо мерос гузорем.
Муҳайё Ҳотамова, устоди Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд


: 100

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 15.02.2026
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
  • 15.02.2026
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены