• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ТАЪРИХӢ: СУБОТИ СИЁСӢ, ИСЛОҲОТИ ФАРОГИР ВА ОЯНДАИ РАҚАМӢ
 ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ТАЪРИХӢ: СУБОТИ СИЁСӢ, ИСЛОҲОТИ ФАРОГИР ВА ОЯНДАИ РАҚАМӢ
ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ТАЪРИХӢ: СУБОТИ СИЁСӢ, ИСЛОҲОТИ ФАРОГИР ВА ОЯНДАИ РАҚАМӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ буда, натиҷаҳои марҳалаи гузашта ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро дар бар мегирад. Ин Паём на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои солҳои охир, балки барномаи амал барои таҳкими истиқлол, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию технологӣ дар шароити кунунии ҷаҳони пуртазод мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо баёни рӯйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуд. Дар аввали Паём, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомадӣ Раҳмон суханро аз баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, онро яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар соли 2025 ба калам дод. Ҷаноби олӣ таъкид карданд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва бо риояи меъёрҳои демократӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, бозгӯи рушди фарҳанги сиёсӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин интихобот аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон ба ояндаи давлатдории миллӣ бетараф нестанд ва дар таҳкими пояҳои ҳокимияти мардумӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Рӯйдоди муҳими дигари таърихӣ ки дар оғози суханронӣ ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Ин масъала тайи беш аз сад сол ҳалношуда боқӣ монда, гоҳ-гоҳ боиси нофаҳмиҳо мегардид. Имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ саҳифаи нави муносибатҳои ду давлатро боз карда, заминаи устувори сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои дарозмуддатро фароҳам овард. Ин иқдом далели сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими амнияту суботи минтақа мебошад ва аҳамияти бузурги минтақавӣ ва байналмилалӣ дорад,
Минбаъд, дар Паём таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бояд ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Аз ҷумла, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои муосир, инчунин истифодаи самараноки имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд. Ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ гардиданд.
Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки Тоҷикистон низ дар ин раванд қафо намонад. Дар Паём зикр шуд, ки истифодаи самараноки ин технологияҳо метавонад ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ва густариши содироти хизматрасонӣ табдил ёбад. Дар ин замина, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар соҳаи иқтисоди рақамӣ таҳлил намуда, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дастгирӣ ва рушди илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавқеи махсус дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд. Ин сиёсати пайгирона боиси болоравии сатҳи саводнокӣ, рушди инфрасохтори маориф ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон гардид. Таъкид гардид, ки ҳамзамон, вақти он расидааст, ки низоми имтиҳонсупорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои коршиносон ҳамаҷониба таҳлил гардида, ҳангоми имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра бартараф карда шаванд, то шаффофият ва адолат таъмин гардад.
Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон боз як ташаббуси муҳими ҷаҳониро роҳандозӣ намуд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Ин иқдом аҳамияти бузурги экологӣ дошта, нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим боз ҳам тақвият бахшид. Пешвои миллат аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват намуданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар самти омӯзиши пиряхҳо густариш дода, дастовардҳои илмии худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Тадбирҳои иҷтимоӣ низ қисми муҳими Паёмро ташкил доданд. Аз ҷумла, зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин афзоиши стипендияҳо, далели ғамхории давлат ба сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ин иқдомҳо ба беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии кормандони соҳаҳои буҷетӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳамаи дастовардҳои кишвар дар солҳои охир пеш аз ҳама натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.
Соли 2026 барои кишвар соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ хоҳад буд. Ин ҷашн дар фазои сулҳ, субот ва бо умеди бузург ба ояндаи дурахшони давлатдории миллӣ истиқбол гирифта мешавад.
С. Ғуломнабиев,
устоди ДПДТТ дар ш. Хуҷанд


: 97

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 15.02.2026
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
  • 15.02.2026
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены