• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ 2025: РУШДИ ИНСОН, ТАҲКИМИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ
 ПАЁМ 2025: РУШДИ ИНСОН, ТАҲКИМИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ
ПАЁМ 2025: РУШДИ ИНСОН, ТАҲКИМИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ

Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 34 соли пешрафти хеш бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки онро пеш аз ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон аз Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар ҳис менамоянд.
Паёми Пешвои миллат — ин барномаи солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мебошад, ки дар он натиҷаҳои асосии фаъолияти давлат дар соли гузашта ҷамъбаст шуда, самтҳо ва вазифаҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ барои солҳои минбаъда муайян мегарданд.
Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва тамоми ҷомеа хизмат мекунад ва иҷрои он заминаи рушди устувори кишварро фароҳам меорад.
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16.12.2025 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоии кишварро муайян намуда, ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин Паём масъалаҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои калидӣ маҳсуб ёфта, ҳадафи асосӣ таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзёбӣ мегардад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, ки дар Паёми навбатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди иқтисоди миллӣ бояд пеш аз ҳама ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ равона карда шавад. Дар ин замина, ҷалби сармоя, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва касбомӯзии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад.
Маориф ва тандурустӣ ҳамчун ду пояи асосии рушди иҷтимоӣ дар маркази сиёсати давлат қарор доранд. Дар Паём таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсил, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва омода намудани мутахасисони баландихтисос аз вазифаҳои муҳими соҳа арзёбӣ гардид.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд, аз ҷумла нафақахӯрон, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат низ дар Паёми Пешвои миллат ҷойгоҳи хоса дорад. Баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулиҳо, инчунин тақвияти барномаҳои иҷтимоӣ нишонаи равшани сиёсати иҷтимоии инсонмеҳвари давлат мебошад.
Илова бар ин, Пешвои миллат ба масъалаҳои ҷавонон ва занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, кор ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори кишвар арзёбӣ шуд.
Дар маҷмӯъ, муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инсон, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона шудааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои дар Паём зикршуда метавонад заминаи устувор барои пешрафти минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам оварад.

А. Темирхоҷаев,
устоди ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ
дар ш. Хуҷанд


: 58

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 15.02.2026
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
  • 15.02.2026
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены