МУЛОҚОТ: ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ АСТ
Бо мақсади тақвияти фаъолияти илмии магистрантон ва ҷоннок намудани кори ҷамъияти илмии донишҷӯён дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мулоқоти масъулин бо магистрантон ва донишҷӯёни фаъол баргузор шуд.
Дар мулоқот муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Маҳмудӣ иштирок намуда, доир ба раванди таълим дар зинаи магистратура, баргузории аттестатсия, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои илмию педагогӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, инчунин иштироки фаъолонаи магистрантон дар лоиҳаҳо изҳори назар кард.
Мудири шуъбаи илм ва инноватсия Матлуба Турсунова роҷеъ ба аҳамияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Магистранти сол” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” андешаронӣ намуда, онро дастгирӣ ва имконоти муфид барои донишҷӯён ва магистрантон унвон намуд.
Таъкид шуд, ки озмунҳои мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон гузаронида мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр менамоянд: “Роҳи ягона ва аз ҳама боваринок, вале пурмашаққати ҳифзи истиқлолу озодии давлату миллатҳоро маҳз рушди илму маориф, рӯй овардани насли ҷавон ба илмҳои наву замонавӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташаккули технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дастовардҳои рушди зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ташкил менамояд”.
Дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён низ изҳори назар карда шуд.
Шуъбаи иттиллоот ва кор бо ВАО