• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
 МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

Дар факултети технологияҳои рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғиби ҳаёти солим, риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ, масъалаҳои радди бегонапарастӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ бо иштироки Наргис Нурматова, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Дилором Маҳмудова ва Муздалифахон Муъминова духтурони амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд доир гардид.
Раиси бонувон ва духтарони донишкада Муҳаррам Темурова мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, донишҷӯдухтаронро бори дигар бо “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос намуда иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳанги миллии худро дубора эҳё карда, мақоми шоистаро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Таъкид шуд, ки яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ин дубора эҳё шудани либос ва тарзи пӯшидани он буда, риояи рукни мазкур барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Пӯшидани либосҳои тавсиявӣ баробарии донишҷӯёнро дар муассисаи таълимӣ таъмин намуда, барои гирифтани пеши роҳи ҳар гуна хурофоту бегонапарастӣ равона шудааст.
Наргис Нурматова, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар баромади худ доир ба баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ, барпо намудани фазои солим ва муносибату муоширати хуб дар оила, пойдору мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, иззату эҳтироми байниҳамдигарии аъзоёни оила, дар заминаи меҳру муҳаббат ва хамдигарфаҳмӣ бунёд намудани оилаҳои ҷавон баланд, пешгирии бегонапарастӣ сухан намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон-занону духтарон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад. Ҷавонон-занону духтарон набояд ба бегонапарастӣ роҳ диҳанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.
Дилором Маҳмудова, духтури амрози занона нисбати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, аҳамияти варзиш ба саломатӣ, дуруст ба роҳ мондани реҷаи рӯз, зарар ва оқибатҳои нодуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ сухан карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки барои беҳдошти саломатии худ ва ояндаи нек ҷавононро мебояд, ки ба қоидаҳои оддитарини гигиениро риоя намоянд, аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр худдорӣ намуда, аз алоқаҳои мобилӣ камтар ва самаранок истифода баранд, дар ҳама ҳолатҳои равонӣ худро ба даст гирифта, таҳаммулпазириро пеша намоянд.
Дар ҷараёни мулоқот мубодилаи афкор сурат гирифт ва донишҷӯён ба суолҳои худ ҷавобҳои қанотбахш гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 20

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 15.02.2026
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
  • 15.02.2026
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены