ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
Бо мақсади сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва тозагиву покизакорӣ дар ҳамаи биноҳои таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва роҳҳои мошингарду ҷӯйборҳои атроф ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ҳашарҳои дастҷамъона ташкил карда шуд.
Кормандону устодон ва донишҷӯёни донишкада бо тоза намудани ҷӯйборҳо, буриши санитарии дарахтон, аз хазон тоза намудани ҳудуди биноҳои таълимӣ ба макону таълиму тадрис боз як намои зебоӣ бахшиданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби устодону донишҷӯён дар ҳудуди биноҳои таълимии донишкада ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуданд.
Масъулин иброз доштанд, ки ин ҳама ободкориву тозакориҳо бо мақсади боз ҳам мунаввару зебо ва дилкаш намудани тамоми ҳудуди макони кору таҳсил-Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки ин яке аз анъанаҳои миллии халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО