МУЛОҚОТ: ИФРОТГАРОӢ-САДДИ РОҲИ ДОНИШОМӮЗӢ
Дар толори донишкада мулоқоти сардори гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои моликияти зеҳнии шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Нозим Турсунзода бо донишҷӯён баргузор шуд.
Полковники милитсия Нозим Турсунзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки чавонон ҳамеша яке аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ҳастанд, ки аксарияти вақт зери таъсири гурӯҳҳои экстремистию хурофотпараст қарор мегиранд. Дар айни замон, вақте ки технологияҳои иттилоотӣ бо суръати кайҳонӣ рушд мекунанд, ҷавонон боз ҳам осебпазиртар шудаанд, зеро онҳо доимо дар фазои иттилоотӣ қарор доранд ва ба онҳо таъсир расонидани идеологияҳои экстремистӣ осон гаштааст.
Ҷавонон бояд на танҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои интернетӣ, ки аксар вақт ғояҳо ва найрангҳои бардурӯғ паҳн мекунанд маълумот гиранд, балки маъракаҳои иттилоотӣ, чорабиниҳои таълимӣ ва маҳфилҳои гуногун ташкил карда шаванд, ки ба ҷавонон дар рушди тафаккури интиқодӣ ва қобилияти таҳлили иттилоот кӯмак расонанд.
Хурофотпарастон ҳамеша зидди омӯзиш ва гирифтавни илмҳои дунявӣ ҳастанд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони мо донишҳои асримиёнагӣ дошта бошанд ва бо дину таассуб маҳдуд монанд. Хушбахтона имрӯз Давлату Ҳукумат барои омӯзиши илму касби ҷавонон шароитҳои арзандаро муҳайё сохтааст. Ҷавонон бояд тавонанд, ки истеъдоди худро нишон диҳанд, ба корҳои ҷолиб машғул шаванд ва дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо кунанд.
Бекорӣ ва набудани дурнамои оянда метавонад боиси пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ гардад. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки дар баробари таҳсил, ба омӯзиши касбу ҳунари муайян машғул бошад.Вобастагии худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дур созанд.
Нозим Турсунзода зимни баромади худ чанд мисол аз оқибати ифротӣ шудани ҷавонон, роҳҳои ба ифрот пайваст гаштани онҳо ва ғайраҳо мисол оварда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо омӯзиши илмҳои замони муосир ба Давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО