ИФТИХОРИ МО: ФАРАНГИС ШЕРМАТОВА ҒОЛИБИ МУСОБИҚА ОИД БА ТЕНИС ШУД
Донишҷӯи соли якуми ихтисоси “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”-и донишкада Фарангис Шерматова дар мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба тенниси рӯи миз байни наврасону ҷавон мақоми аввалро касб намуд.
Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти шиори “Мо ҷавонон зидди зӯроварӣ ва ифротгароӣ” баргузор гардид.
Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизм, ки замина барои терроризм мешавад” бахшида шуд.
Дар чорабинии мазкур ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Ҷаҳоноро Давлатзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров, собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм мавқеи пешоҳанг касб намудааст. Баҳри пешгирии ин зуҳуроти хатарнок чораҳои муассир андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Қайд карда шуд, ки варзиш дар пешгирии экстремизм нақши басо муҳим дошта, ҷавононро аз муҳити хавфнок дур нигоҳ медорад. Он рӯҳияи ҳамкорӣ, эҳтироми қонун ва таҳаммулпазириро тарбия намуда, нерӯи ҷавононро ба рақобати солим ҳидоят менамояд. Варзиш тавассути ташаккули одатҳои солими зиндагӣ - интизом ва масъулиятро баланд бардошта, бо ҳамин роҳсабабу омилҳои ҷалбшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро коҳиш медиҳад.
Дар чорабинии варзишӣ зиёда аз 50 нафар наврасону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои варзишӣ иштирок намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи намуди инфиродӣ байни духтарон ҷои якумро донишҷӯи соли якуми ихтисоси “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”-и донишкада Фарангис Шерматова ба даст овард. Дар охир, ба ғолибони мусобиқа диплом, медал ва ҷоми ташаббускорони чорабинӣ супорида шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО